07.02.2025
: 47
Санаи 6 феврали соли 2025 дар шаҳри Ҷисии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо муовини раиси шаҳри Ҷисӣ Ли Фушэн баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Ҳамкории варзишӣ
Ҷаноби Лу Фушэн зикр намуд, ки шаҳри Цзиси дар рушди варзиши оммавӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст ва омода аст, ки дар ташкил ва баргузории мусобиқаҳои муштарак, мубодилаи мураббиён ва рушди инфрасохтори варзишӣ саҳм гузорад.
Дар навбати худ, аз ҷониби Гулаҳмадзода Зулфиқор маълумот вобаста ба дастовардҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод гардида, лоиҳаҳои ояндадори рушди заминаи варзишӣ ва бунёди маркази тиббии варзишӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд.
Барномаҳои табодули ҷавонони минтақаҳо
Тарафҳо тавофуқ намуданд, ки мубодилаи ҷавононро васеъ намуда, барномаҳои таҳсилотӣ ва соҳибкориро таҳким бахшанд, ҳамчунин, форумҳо ва лагерҳои ҷавононро роҳандозӣ кунанд. Инчунин, имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои навоварӣ, фарҳанг ва экология баррасӣ гардиданд.
Тақвияти инфрасохтор ва табодули таҷриба
Зимни мулоқот масъалаҳои беҳтарсозии шароити варзишгарон ва густариши ҳамкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо муҳокима гардиданд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид намуданд, ки ин ба сатҳи нави рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад кард.