Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САФАРБАРИИ ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ КИШВАР БА 33-ЮМИН БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ 2024

22.07.2024

: 644

Санаи 22 июли соли равон ҳайати олимпичиёни кишвар ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 сафарбар гардиданд.
Дар маросими гусели ҳайати олимпии кишвар, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва дигар масъулони соҳаи варзиш  иштирок намуда, ба ҳайати олимпии кишвар дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 бурдбориҳо таманно намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи санаҳои баргузории мусобиқаҳо варзишгарони кишвар аз намудҳои ҷудо, бокс, шиноварӣ ва варзиши сабук сафарбар гардиданд. Дар ин сафарбарӣ 6 нафар паҳлавон аз намуди гӯштини ҷудо: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), 3 нафар муштзан аз намуди бокс: Миҷгона Самадова (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг аз кишвари Олмон сафарбар гардид), 2 нафар шиновар аз намуди шиноварӣ: Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов  дар масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, дар варзиши сабук  – Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр, мураббиён ва масъулини федератсияҳои миллии кишвар буданд.
Иттилоъ медиҳем 1 нафар варзишгар аз намуди таеквондо – Мунира Абдусаломова (+67 кг) ва гӯштии тарзи озод як нафар – Виктор Рассадин (-74 кг) тибқи санаҳои баргузории сабқатҳо санаи 31 июли соли равон ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 сафарбар мегарданд.