Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАРГУЗОРИИ ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШИИ ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, НОҲИЯҲОИ САНГВОР ВА БАЛҶУВОН

24.06.2024

: 453

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давоми моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Сангвор ва Балҷувон давраҳои омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиш баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории давраҳои омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиш ин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмил додани донишу малакаи маъмурони соҳаи варзиш мебошад.      
Дар ин давраҳои омӯзишӣ аз рӯи Дастурамали мудирияти варзиш иштирокчиён доир ба таҳкими принсипҳои мудирияти самараноки ташкилотҳои варзиш, рушди варзиш, муҳокимаи асосҳои мудирияти самараноки ташкилотҳои варзишӣ, арзишҳо ва принсипҳои ахлоқ дар варзиш, принсипҳои мудирияти самарабахши варзиш, таъмини мудирияти самаранок ва одилонаи варзиш дар ҷомеа, хусусият ва дастовардҳои Ҳаракати олимпӣ омӯзиш дода шуданд.
Дар давраҳои омӯзишии мазкур зиёда аз 60 маъмурони соҳаи варзиш аз минтақаҳои зикргардидаи ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷониби Кумита ба ҳар як иштирокчӣ Дастурамали мудирияти варзиш дода шуда, ба онҳо тавсия дода шуд, ки мавзуъҳои омӯхтаашонро аз рӯи дастурамали мазкур ба ҳамкасбон ва дастпарваронашон мубодила намоянд.  
Зимнан, дар интиҳои давраҳои омӯзишӣ иштирокчиён ба сертификати таъсисдодаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ сарфароз гардонида шуданд.