Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРҲИЛАИ СЕЮМИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ”-И ШАҲРИ КӮЛОБ АМАЛӢ ГАРДИД

31.05.2024

: 137

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб миёни намояндагони Кумита ва дастпарварони ин муассиса ҷамъомад баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки як қатор хонандагони ин муассиса аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта буданд.
Бо мақсади ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан ва ҷамъбаст намудани он дар ин муассисаи таълимӣ миёни хонандагон виктарина баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, Мавзуна Чориева аз ҷараёни тамринҳои варзишгарони ин муассисаи таълимӣ дидан намуда, бо варзишгарон суҳбат анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат директори генералии Кумита иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди инфрасохтори соҳа ва таъмин намудани шароитҳои мусоид равона сохта истодаанд. То ин ки варзишгарони бо нангу номуси кишвар дар арсаи байналмилалӣ давлату миллатро миёни дигар кишварҳо ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аз ҳар як варзишгари бо нангу номус ва ватандӯст масъулияти баланд ва тамринҳои шабонарӯзӣ талаб карда мешавад, то ин ки муаррифгари сазовори давлату миллати хеш бошанд.
Зимнан, аз ҷониби Кумита ба Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонида шуд.
Дар робита ба ин, роҳбарият ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ва татбиқи барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ин муассиса изҳори сипос намуданд.