Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҚАҲРАМОНИИ ҶУДОИ ҶАҲОН 2024-РО КАСБ НАМУД

21.05.2024

: 240

Барандаи медали тиллои 19-умин Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу, ҷудокори маъруфи тоҷики Сомон Маҳмадбеков дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб шаҳри Абудаби медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2024-ро касб намуд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 21 майи соли равон паҳлавони кишвари азизамон дар даври аввал варзишгари фаронсавӣ Даниил Зубкоро мағлуб намуд. Дар даври дуюм бошад, Сомон Маҳмадбеков ба Франк Де Вити нидерландиягӣ пирӯз шуд. Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ Абдулраҳмон Абдулгании мисриро шикаст дода, мутаассифона дар даври чорякниҳоӣ аз Тато Григалашвилии ноком шуд.
Сомон Маҳмадбеков баъди пирӯзӣ дар даври тасаллобахш ба Давид Карапетяни русиягй (аз дастаи бетараф АIN), барои медали биринҷӣ Димитри Гочилаидзеи 24-солаи гурҷиро шикаст дод.
Албатта чунин дастовардҳои бузурги ҷудокорони кишвар ин далолат аз заҳмат ва талошҳои пайвастаи Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир мебошад. Маҳз бо дастгирии муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир ҷудокорони кишвар барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалии квалификатсионӣ ва Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2024 бороҳо дар хориҷи кишвар бо машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шуда буданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои мамлакати азизамон дар Қаҳрамонии ҷахонии ҷудо маҳсуб меёбад. Аввалин медалро дар чунин мусобиқоти сатҳи баланди ҷаҳонӣ ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, паҳлавони маъруфи кишвар Расул Боқиев 17 қабл дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ба даст оварда буд.
Иттилоъ додан ба маврид аст, ки Сомон Маҳмадбеков соли 2019 ба унвони Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон мушарраф гардида буд. Инчунин ӯ барандаи медали тиллои 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу, барандаи медалҳои нуқра ва ду биринҷии Қаҳрамонии Осиё, медалҳои тилло ва биринҷии Grand Slam ва медали тиллои Гран-Прии Душанбе мебошад.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин Қаҳрамонии ҷаҳон  658 варзишгар (349 мард ва 309 зан) аз 107 кишвари панҷ қораи саёра миёни ҳам рақобат намуда истодаанд.