Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОЛИ 2022 ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК АЗ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 548 МЕДАЛ ОВАРДАНД

10.02.2023

: 217

Соли 2022 650 варзишгар – аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар ба 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзиши мамлакат 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра, 236 биринҷӣ ворид намуданд.

Ин нуктаро 10 феврал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Қайд гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 150 медал (47 тилло, 41 нуқра, 62 биринҷӣ) зиёд мебошад.

- Соли сипаришуда соҳаи варзиши мамлакат ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бори аввал ба вуқуъ пайвастанд. Чунончӣ, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат ба даст овардани тими мунтахаби футболи кишвар, дар радабандии ҷаҳонии ҷудо (вазни +100кг) дар ҷои аввал қарор гирифтани Темур Раҳимов ва то охири сол ҳифз намудани ин мавқеъ, дар Гранд Слами Боку сазовори медали тилло ва дар мусобиқаи ситораҳои ҷудо сазовори медали нуқра шудани Темур Раҳимов, дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, Чемпионати Осиё оид ба кураш, Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ, инчунин ба фаъолият шуруъ намудани намояндагиҳои клубҳои бонуфузи ҷаҳонии Ювентус ва Крокус-фитнес аз ҷумлаи чунин дастовардҳо мебошанд, - гуфт Раҳмонзода А.

Таъкид шуд, ки дастоварди таърихии соли 2022 мақоми байналмилалӣ гирифтани гуштини миллии тоҷикӣ – гуштингирӣ мебошад. Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи миллии варзишӣ амалӣ гардид.

Соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 112 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 75 майдонча, 25 толор, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмаа бо харҷи 210 миллиону 247 ҳазору 374 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр шумораи иншооти варзишӣ дар кишвар ба 10768 адад расид.