Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИКТОГРАММАҲОИ ВАРЗИШИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024 МУАРРИФӢ ШУД

09.02.2023

: 179

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 пиктограммаҳои нави варзиширо муаррифӣ кард.

62 пиктограмма ҳамчун «Нишони ифтихор» на танҳо як намуди варзиш, балки оила, ҳисси ифтихор, маҷмӯи арзишҳо ва ҷомеаро ифода мекунанд. Ин рамзи ҳар нафарест, ки ба як оилаи варзиши интихобшуда тааллуқ дорад ва аломати наздикӣ бо ҷомеаи бузург ва зебои варзишӣ мебошад.

Ҳар як пиктограмма аз се унсури графикӣ - меҳвар, тасвири замин ва намояндагии варзиш, ки он тасвир мекунад, иборат аст.

Зимни муаррифӣ, таъкид шуд, ки дар коркарди пиктограммаҳо федератсияҳои байналмилалӣ низ саҳм гузоштанд.

Пиктограммаҳо аз соли 1964 дар Бозиҳои олимпии Токио истифода мешавад ва як хусусияти Олимпиада ҳастанд. Доираи васеи рамзҳо барои муаррифии ҳар як намуди варзиш истифода мешаванд.