Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АРАБИСТОНИ САУДӢ МИЗБОНИ ҶОМИ ОСИЁ-2027 ОИД БА ФУТБОЛ ИНТИХОБ ШУД

02.02.2023

: 190

Арабистони Саудӣ бори аввал Ҷоми Осиёро соли 2027 мизбонӣ хоҳад кард.

Ин тасмим дар Конгресси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки 1 феврал дар шаҳри Манамаи Баҳрайн доир гардид, гирифта шуд. Арабистони Саудӣ ягона номзад буд.

Вазири варзиш ва президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Турки Ал-Файсал гуфт: "Ин шараф аст, ки мизбони Ҷоми Осиё-2027 интихоб шудем ва ин як лаҳзаи таърихӣ ва ҳаяҷонбахш барои футбол дар Арабистони Саудӣ мебошад. Мо боварӣ дорем, ки беҳтарин рӯзҳои футболи Осиё ҳанӯз дар пешанд ва мо ин чорабиниро ҳамчун як имконият барои намоиш додани ҳама чизҳои олиҷаноб мебинем. Таҷрибаи мо дар баргузории чорабиниҳои бузурги варзишӣ ва фароғатӣ маънои онро дорад, ки мо омодаем, мухлисонро аз саросари Осиё ва тамоми ҷаҳон самимона истиқбол кунем”.

Мунтахаби футболи Арабистони Саудӣ дар таърихи мавҷудияташ се маротиба - солҳои 1984, 1988 ва 1996 - ғолиби Ҷоми Осиё шудааст ва президенти AFC Шайх Салмон ибни Иброҳим Ал-Халифа, ки бидуни рақиб дар ин ҷаласа дубора ба ин мақом интихоб шуд, афзуд: “Мо бесаброна интизорем, ки бо Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ва ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳамкории зич дошта бошем, то дар соли 2027 барои мухлисон ва бозигарони худ як чорабинии хотирмон пешкаш кунем”.

Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Қатар баргузор шавад, ки дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон низ ширкат мекунад.