Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ТОШКАНД ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 ОИД БА ФУТЗАЛ МИЁНИ БОНУВОН АНҶОМ ЁФТ

ДАР ТОШКАНД ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 ОИД БА ФУТЗАЛ МИЁНИ БОНУВОН АНҶОМ ЁФТ ДАР ТОШКАНД ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 ОИД БА ФУТЗАЛ МИЁНИ БОНУВОН АНҶОМ ЁФТ

31.01.2023

: 129

25-30 январ дар шаҳри Тошканди Узбекистон 2-юм Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни бонувон баргузор шуд.

Тими мунтахаби футзали Эрон, ки дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид. Медалҳои нуқра насиби футболбозбонувони Узбекистон (6 хол) шуд. Тими бонувони Тоҷикистон бо 3 хол ҷои сеюмро гирифт.

Пас аз натиҷагирии чемпионат ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон тақдим шуд. Соро Ширбеигӣ (Эрон) бо 7 гол беҳтарин нишонзан гардид. Ҷоизаи беҳтарин бизингар мисли соли гузашта насиби Фаришта Каримӣ (Эрон) шуд.

Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон

1-ум давр
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 7:1
Голи Тоҷикистон: Мадина Фозилова.

Эрон – Қирғизистон – 5:0

2-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Эрон – 0:16
Қирғизистон – Узбекистон – 1:6

3-юм давр
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 2:4
Голҳои Тоҷикистон: Карина Мирзоева (2), Ҷонона Қурбонова, Некубахт Худододова.

Узбекистон – Эрон – 4:5