Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОЗИШНОМА ИМЗО ШУД. ДУШАНБЕ ИСТГОҲИ НАВИ САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО

СОЗИШНОМА ИМЗО ШУД. ДУШАНБЕ ИСТГОҲИ НАВИ САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО СОЗИШНОМА ИМЗО ШУД. ДУШАНБЕ ИСТГОҲИ НАВИ САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО

23.11.2022

: 575

Сайри ҷаҳонии ҷудо аллакай як истгоҳи дигар дорад - Гран-при Душанбе. Чанде пеш дар шаҳри Абу-Дабӣ президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер бо раиси онвақтаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов созишнома ба имзо расонданд.

Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ин бора хабар дода, навиштааст, ташкили чунин як мусобиқаи байналмилалӣ уҳдадорӣ ва ҷиддиятро талаб мекунад ва Тоҷикистон инро нишон додан мехоҳад.

Мариус Визер гуфтааст: "Ин чорабинӣ як имконияти бебаҳо барои таблиғи кишвар ва минтақае хоҳад буд, ки ҷудоро дӯст медорад ва варзишгарони сатҳи баландро қадр мекунад. Ба ин маъно, Гран-при як имкони муҳими бехатар барои шинохтани худ аст".

Нурулло Лоиқов ин ҳодисаро вижа хонд, зеро “мо ин лаҳзаро солҳо боз интизор будем. Ҷудо варзиши рақами як дар кишвари мост ва мо мехоҳем беҳтарин ситораҳоро ба он ҷо биёрем. Мо як варзиши аҷдодӣ дорем бо номи гуштингирӣ, ки ба ҷудо шабоҳатҳои зиёд дорад. Мо мардуми варзишдӯстем ва ҷудо ҳаваси мост”.
Нурулло Лоиқов аз фурсат истифода бурда, барои дастгирии беандоза ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуд: «Бе дастгирии он кас мо имрӯз дар ин ҷо намебудем. Сармоягузорӣ муҳим аст ва аксари хароҷотро мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бар дӯш мегирад”.

Дар мавриди пуштибонӣ ҳарф зада, вақти он расидааст, ки аз Исмоили Маҳмадзоир, шахсе, ки ватанашро дӯст медорад ва дар рушди варзиш саҳм дорад ва 19 ноябр ба вазифаи президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд, ёдовар шавем.

Дар тӯли чанд соли охир Исмоили Маҳмадзоир роҳи беҳтарини худро нишон дода, варзишгарони тоҷикро дастгирӣ ва сарпарастӣ намуда, инфрасохтори варзиширо рушд дода, ба яке аз чеҳраҳои маъруфи ин соҳа дар Тоҷикистон табдил ёфт. Ӯ на танҳо сарпарастии чорабиниҳо, балки дар бунёди иншооти варзишӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Клуби муосири ҷудои Ҳоҷӣ Шариф намунаи бузурги ин аст. Ҷудочиён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барои тамрин ба ин маҳфил меоянд ва волидон бо хушнудӣ фарзандони худро меоранд, зеро он як иншооти баландсифат ва муҷаҳҳаз дар шаҳри Душанбе мебошад. Варзишгарони клуб аллакай натиҷаҳои хуб ба даст оварда, аз ҳар як мусобиқаи иштироккардаашон медал оварда истодаанд.

Замони баргузории Гран при Душанбе ҳанӯз маълум нест. Тоҷикистон моҳи октябрро пешниҳод кардааст, аммо ҳоло Федератсияи байналмилалии ҷудо онро тасдиқ карда наметавонад. Он чизе ки мо медонем, ин аст, ки нашри аввали Гран при Душанбе дар соли 2023 ва ҳамин тавр то соли 2026 баргузор хоҳад шуд.