Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР СЕМИНАРИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРИИ ОСА ШИРКАТ КАРД

МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР СЕМИНАРИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРИИ ОСА ШИРКАТ КАРД МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР СЕМИНАРИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРИИ ОСА ШИРКАТ КАРД МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР СЕМИНАРИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРИИ ОСА ШИРКАТ КАРД МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР СЕМИНАРИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРИИ ОСА ШИРКАТ КАРД

31.10.2022

: 190

30-31 октябр дар шаҳри Манамаи Баҳрайн бо ташаббуси Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) семинари баробарии гендерӣ баргузор шуд.

Дар семинар намояндагони 42 кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева ва раиси Комиссияи тибби варзиши КМОТ Фарангис Ғаниева ширкат карданд.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ зимни суханронӣ итминони қавӣ дод, ки ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ аз ҷониби OCA дар талош барои пешбурд ва рушди ҳаракати варзишии занон дар Осиё дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Ӯ гуфт, ки OCA тасмим гирифтааст, барои бартарӣ додани занон на танҳо дар майдони бозӣ, балки дар дохили ташкилотҳои варзишӣ ва маъмурият як платформаи мустаҳкам фароҳам кунад.

"Ин семинар барои нишон додани мушкилоти асосии занон дар ҳаракати варзишии имрӯза, инчунин ба намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ дар бартараф кардани баъзе аз ин мушкилот тавассути ҳамкорӣ ва додани маслиҳат ва дастгирӣ кӯмак хоҳад кард", - афзуд Раҷа Сингҳ.

Дар як паёми видеоӣ дар маросими ифтитоҳи семинари дурӯзаи ОСА президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах аз Шӯрои олимпии Осиё барои намунаи пешқадам дар иқдоми қавӣ барои пешбурди баробарии гендерӣ дар Осиё ситоиш кард.

“Барои пешрафт ба мо стратегияи мақсаднок, сиёсати либералӣ ва уҳдадориҳои ниҳодӣ лозим аст. Аз ин рӯ, ман хушҳолам, ки OCA тавассути Кумитаи баробарии гендерии худ аллакай стратегияҳо ва сиёсатҳои дурустро амалӣ мекунад”.

Томас Бах ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамчун намунаи бартараф шудани фарқияти гендерӣ дар майдон ишора кард.

“Дар ин бозиҳо мо таърихро сабт кардем. Бо иштироки 48 дарсади занон мо ба баландтарин намояндагии варзишгарони зан дар Олимпиада ноил гардидем. Дар Париж-2024 мо ба баробарии пурраи гендерӣ хоҳем расид".

Давоми ду рӯз иштирокчиён ҳамроҳ бо маърӯзачиён аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё мавзӯъҳои гуногуни занон ва варзишро баррасӣ карданд.

Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар доираи семинар бо намояндагони Шӯрои олимпии Осиё мулоқотҳо анҷом дод. Дар суҳбат бо раиси Кумитаи баробарии гендерии Шӯрои олимпии Осиё Шайха Ҳаёт бинти Абдулазиз Ал-Халифа масъалаи рушди варзиши бонувон баррасӣ шуд. Шайха Ҳаёт Ал-Халифа иброз намуд, ки лоиҳаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар мавзӯъҳои рушди варзиши занон ва баробарии гендерӣ дастгирӣ хоҳанд кард.