Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС МУАЙЯН ШУДАНД

ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС МУАЙЯН ШУДАНД

29.09.2022

: 280

24-27 сентябр дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз рӯи 13 вазн миёни мардон баргузор шуд.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин муштзанҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Узбекистон ва Афғонистон ширкат карданд.

Аз 13 вазн дар 11 вазн варзишгарони тоҷик ғалаба карданд, дар ду вазни дигар намояндагони Узбекистон пирӯз гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари ҷом ва медал бо ҷоизапулию туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, дар аввалин мусобиқаи бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни -48кг Усмонҷон Мирзоев ғолиб шуд. Ӯ дар финал Умарқул Эрматови узбекистониро шикаст дод.

Дар вазни -51кг Меҳроҷ Ҳамидов аз дастаи Душанбе дар финал Ҳабиби Раҳматуллоро аз дастаи ШНТМ мағлуб карда, соҳиби ҷом гардид.

Дар вазни -54кг Муҳаммадалӣ Ҳасанов (Суғд) пирӯз шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз тими Хатлон ҷои дуюмро сазовор гашт.

Дар вазни -57кг низ намояндаи Суғд Хусравхон Раҳимов ҷомро ба даст овард. Ӯ дар финал ҳамдастааш Искандарбек Рустамовро мағлуб кард.

Дар вазни -60кг Абдураҳим Ёқубов (Суғд) ва Абубакр Муродзода (Хатлон) дар финал бо ҳам вохурданд. Дар натиҷа ҷои аввал насиби Абдураҳим гардид.

Дар вазни -63.5кг Баҳодур Усмонов (Душанбе) ғолиб шуд. Ҳарифаш дар финал Ромиз Шарифзода буд.

Дар финали вазни -66.5кг ду намояндаи Узбекистон Сулаймон Латипов ва Уткурбек Абдулқодиров бо ҳам ҳарб карданд ва пирӯзӣ насиби Сулаймон шуд.

Муштзани ҷавон ва умедбахши кишвар Абдумалик Болтаев дар вазни -74кг сазовори медали тилло гашт. Ӯ дар финал бар Ашурбек Ҷиянов (Узбекистон) дастболо шуд.

Шаббос Негматуллоев дар финали вазни -80кг бар Шаҳбоз Ҳаитов ғалаба карда, соҳиби ҷом шуд.

Дар вазни -86кг Наврӯз Ҷафоев ғолиб гардид. Ӯ дар финал Парвиз Каримовро шикаст дод.

Дар вазни -92кг Бобур Юлдошев аз Узбекистон ҷои аввалро сазовор шуд. Бобур дар финал Насим Шариповро мағлуб кард.

Дар финали вазни +92кг муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов бо Муҳаммад Аброриддинов муҳориба карда, дастболо шуд.