Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ НОРАК ДОИР ШУД

КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ НОРАК ДОИР ШУД КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ НОРАК ДОИР ШУД КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ НОРАК ДОИР ШУД КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ НОРАК ДОИР ШУД

17.09.2022

: 295

15-17 сентябр бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси бозомӯзии ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши шаҳри Норак доир гашт.

Дар курси бозомӯзӣ кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак, кормандони мактабҳои варзишӣ ва мураббиён ширкат карданд.

Давоми се рӯз ба иштирокчиён мутахассисони Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони варзиш дар мавзӯъҳои гуногун – “Таърихи Бозиҳои олимпӣ”, “Бозиҳои олимпӣ”, “Ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон”, “Арзишҳои олимпӣ”, “Психология дар варзиш”, “Варзишгарон дар маркази Ҳаркати олимпӣ”, “Масъалаҳо оид ба допинг” ва ғайра маърӯза хонданд.

Дар ҷамъбаст котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо аз баргузории курс натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ супорид.

Дар шаҳри Норак ду мактаби варзишӣ фаъолият мекунад ва наврасону ҷавонон дар намудҳои варзиши бокс, футбол, волейбол, тенниси рӯи миз, намудҳои гуштин ва ғайра ба тамрин машғуланд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ дастовардҳои назаррас доранд. Дар ҳашт моҳи соли равон варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, беш аз 25 медал ба даст оварданд. Варзишгари наврас Дӯстов Шоҳиддин моҳи марти соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, дар вазни 32кг сазовори медали нуқра гашт.

То чанд соли пеш тими футболи бонувони Норак бо номи “Барқ” дар Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон ширкат мекард ва имрӯз аксари аъзои даста ба дигар клубҳо даъват шудаанд ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошанд. Масъулон кӯшиш доранд, то тими футболи бонувони шаҳрро эҳё кунанд.