Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ВА ҶОИЗАДОРОНИ 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

05.09.2022

: 374

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар як маросими тантанавӣ чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ, ҷоизадорони 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва мураббиёнро қадрдонӣ кард.

Дар маросим ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло нахуст иштирокчиёнро бо ҷашни фархундаи миллӣ – 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳояшон дар майдонҳои варзишии ҷаҳонӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои оянда муваффақият хост.

Қайд гардид, ки заҳмати варзишгарон ҳеҷ вақт мадди назар намемонад ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста қадрдонӣ мегарданд. Хусусан, аз соли 2015 инҷониб варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мешаванд.

Ба ғайр аз ин, варзишгарони муваффақ пайваста аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, имрӯз ба чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби Раиси шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, муассисаву ташкилотҳои гуногун варзишгарони муваффақро барои дастовардҳояшон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ бо 10000 сомонӣ, мураббиаш Фаррух Собиров бо 5000 сомонӣ, барандагони медали нуқраи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бо 7000 сомонӣ, барандагони медалҳои биринҷӣ бо 5000 сомонӣ, мураббиёнашон бо 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, ба Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон” дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки 10-13 августи соли равон дар Гуаякили Эквадор доир шуд, дар вазни -66кг ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бошад, ки 9-18 август дар шаҳри Қуния Туркия баргузор шуд, ҳайати олимпии Тоҷикистон 8 медал – 3 нуқра, 5 биринҷӣ ба даст овард. Медалҳои нуқраро Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук (ҷаҳиш ба дарозӣ), Комроншоҳ Устопириён дар ҷудо (-90кг), Екатерина Ишенко дар пара-тенниси рӯи миз, медалҳои биринҷиро гуштинигирон Асламҷон Азизов (юнонӣ-римӣ, -55кг), Фирӯз Мирзораҷабов (юнонӣ-римӣ, -63кг), ҷудочиён Шодмон Ризоев (-81кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва тими ҷудои кишвар дар рақоабтҳои даставӣ сарфароз шуданд.