Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ БА ҶОИ АВВАЛ БАРОМАД

05.09.2022

: 272

Ҳафтаи гузашта як бозии мавқуфмондаи даври сеюм ва бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври сеюм “Истиқлол” бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ҳар се голро Шервонӣ Мабатшоев зад.

Дар доираи бозиҳои даври чордаҳум “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дод. Тими Ҳикмат Фузайлов дар лигаи олӣ бори нуҳум дучори бохт шуда, дар минтақаи хатарноки ҷадвал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” ин навбат дар сафар аз «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро Санҷар Рихсибоев ба номаш навишт.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Равшан”-и Зафаробод мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. «Истаравшан» дар давоми вохӯрӣ ду маротиба – 1:0 ва 2:1 пешсаф буд, вале натиҷаи ғалабаоварро нигоҳ дошта натавонист ва дар дақиқаи 90+4 голи дуюмро ба дарвозаи худ сар дод. Ду голи “Истаравшан”-ро Отабек Зокиров, голҳои тими Зафарободро Бахтиёр Зарипов ва Ҷаҳонгир Алиев заданд.

Дар бозии дигар голи ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 90+1 ғалабаи «Равшан»-и Кӯлобро бар КМВА таъмин кард.

“Истиқлол” дар бозии дуюми ин ҳафтааш низ пирӯз шуд. Тими Душанбе ин навбат дастаи “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Ба голи задаи бозигари “Файзканд” Аббос Андалебов, душанбегиҳо тавассути Манучеҳр Ҷалилов (2 гол) ва Шервонӣ Мабатшоев бо се гол ҷавоб доданд.



“Хуҷанд” бо голи задаи легионери узбекистонӣ Хушнудбек Бозоров бар тими “Хатлон” пирӯз гардид.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол”-и Душанбе пас аз ду пирӯзии ҳафтаи гузашта бо 27 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. “Равшан”-и Кӯлоб, ки 23 хол дорад, дар ҷои дуюм, “Хуҷанд” бо 22 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври навбатӣ 10-11 сентябр ба нақша гирифта шудааст. 10 сентябр КМВА бо “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ” бо “Истаравшан”, 11 сентябр “Равшан” (Зафаробод) бо “Равшан” (Кӯлоб), “Истиқлол” бо “Эсхата” ва “Хатлон” бо “Файзканд” бозӣ мекунанд.