13.08.2022
: 474
Рӯзи чоруми 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия барои варзишгарони мо бобарор омад. Онҳо 12-уми август се медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали нуқраро иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук - мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ - бо натиҷаи 7.86 метр сазовор шуд. Дар ин сабқат медали тиллоро намояндаи Узбекистон Анвар Анваров (8.01) ва медали биринҷиро варзишгари кишвари мизбон Ир Наҷотӣ (7.83) ба даст оварданд.
Дар гуштини юнонӣ-римӣ варзишгарони мо Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд. Асламҷон дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Эрон М. Паноҳистонӣ бо ҳисоби 8:0 ва Фирӯз бар варзишгари Узбекистон У. Тиркашев бо ҳисоби 8:1 дастболо шуданд.
Бозиҳо то 18 август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштини юнонӣ-римӣ, камонварӣ, вазнбардорӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии чор рӯз дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 137 медал (48 тилло, 48 нуқра, 41 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 22 медали тилло, 18 нуқра, 16 биринҷӣ (56 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 18 медали тилло, 14 нуқра, 21 биринҷӣ (53 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 30-юм аст.