10.08.2022
: 485
Шоми 9-уми август дар Варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор шуд.
Дар бозиҳо 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Аз ҷумла ҳайтаи олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар гардиданд.
Дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Албания Эди Рама, сарвазири Алҷазоир Эймен ибни Абдураҳмон, сарвазири Фаластин Муҳаммад Штийе ширкат карданд.
Маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки бо қироати “Қуръон”-и карим оғоз шуд, бо барафрохтани парчами Туркия идома ёфт. Сипас, гузашти ҳайатҳои 56 кишвари ҷаҳон бо парчамҳои худ доир гашт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзишии ҳамбастагии исломӣ соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар сабаби пандемия ба муддати як сол мавқуф гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа, раиси Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, шоҳзода Абдулазиз Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд суханронӣ карданд.
Баъдан президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломиро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият хост.