08.08.2022
: 512
Раҳмонҷон Маҳмадбеков (гуштини тарзи озод) ва Муниса Ойматова (таеквондо) парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон дар маросими кушодашавии 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ интихоб шуданд.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия (Konya Metropolitan Municipality Stadium) 9-уми август доир мешавад.
Дар бозиҳо, ки то 18 август идома меёбад, иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Аз ҷумла, бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар гардид.
Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, варзиши вазнин, гуштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудааст. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.
Варзишгарони мо дар ҳашт намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таеквондо, варзиши вазнин ва гуштини варзишӣ сабқат мекунанд.
Дар асоси барнома бозиҳо аллакай 5-уми август бо мусобиқаи велосипедронӣ дар трек оғоз гардид. Варзишгарони мо 7-уми август дар тенниси рӯи миз сабқатро оғоз карданд. Афзалхон Маҳмудов дар даври интихобии инфиродӣ нахуст бар намояндаи Бангладеш Моҳутасин Аҳмад Ридой бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, вале дар бозии дуюмаш аз Иброҳим Диав (Сенегал) бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Убайдулло Султонов дар бозии аввалаш аз Алӣ Алхадравӣ (Арабистони Саудӣ) бо ҳисоби 1:3 ва Динара Исмоилова аз Шимо Сафоӣ (Эрон) бо ҳисоби 1:3 шикаст хурданд.
Бо иштироки варзишгарони тоҷик 8-12 август мусобиқаи варзиши сабук, 9-12 август мусобиқаи таеквондо, 10-13 август мусобиқаи гуштин, 11-15 август мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-15 август мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август мусобиқаи камонварӣ, 15-17 август мусобиқаи ҷудо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир хоҳанд шуд.