Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОИ ПАНҶУМИ МУҲАММАДАМИН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

01.08.2022

: 335

25-31 июл дар шаҳри Рими Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола баргузор шуд.

Дар чемпионат 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок карданд. Ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Муҳаммадамин Абдуллоев (80кг) дар гуштини тарзи озод ҷои панҷумро гирифт.

Ӯ дар ҳаштякфинал варзишгари Швейтсария Ноаҳ Счваллер, дар чорякфинал намояндаи Арманистон Папин Ҳунанянро шикаст дода, дар нимфинал аз варзишгари Эрон Ризо Сулаймониён ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари ШМА Закари Ридер мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев сазовори медали нуқра шуда буд.