Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ЧҶ ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК-2022 3 РЕКОРДИ ҶАҲОНӢ ГУЗОШТА ШУД

26.07.2022

: 430

15-24 июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони ШМА Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук баргузор шуд.

Зиёда аз 1700 варзишгар аз 179 кишвари ҷаҳон (илова бар тими гурезаҳо) дар Орегон рақобат карданд, ки онҳоро тақрибан 150 000 бинанда дар варзишгоҳ тамошо карданд ва се рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд.

Рекорди шумораи кишварҳое, ки дар як чемпионат медалҳои тилло ба даст овардаанд, шикаст ва 29 кишвар дар зинаи болоии суфаи ифтихорӣ қарор гирифтанд, дар ҳоле ки соли 2017 26 кишвар ба ин мақом расида буданд.

Бештари кишварҳо ба финали мусобиқаҳо расидаанд: 81 кишвар (соли 2019 дар Доҳа 76 кишвар буд) ва Либерия, Нигер, Покистон, Самоа, Филиппин ва Гватемала бори аввал дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон ба финал баромаданд.

Перу, Қазоқистон ва Нигерия аввалин медали тилло ба даст оварданд.

Мунтахаби ШМА рекорди аз ҳама бештари медалҳоро дар як чемпионат шикаст, ки дар маҷмӯъ 33 медал, 13-тоаш тилло ба даст овард.

Ин ҳисобро бо ба даст овардани ҳар се ҷои ифтихорӣ дар масофаҳои 100, 200 метр ва партоби гулӯла мустаҳкам кард. Дар ҳамин ҳол, Ямайка дар масофаи 100 метр байни занон ҳар се медалро сазовор шуд.

Дигар маълумоти ЧҶ оид ба варзиши сабук – Орегон-2022:

Рекордҳои ҷаҳонӣ аз Сидней Маклафлин дар давидан ба масофаи 400 метр (50,68 метр), Тоби Амусан дар давидан ба масофаи 100 метр (12,12) ва Мондо Дуплантис дар ҷаҳиш бо ходачӯб (6,21 метр).

13 рекорди чемпионат ва 30 баромади беҳтарин дар ҷаҳон.

3 рекорди ҷаҳонӣ, 19 рекорди минтақавӣ, 92 рекорди миллӣ, 1 рекорди ҷаҳонии U20.

Ҷумҳурии моро дар чемпионат иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард.

Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Дар даври дуюм миёни 57 нафар 55-ум шуд.

Бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3 медал дорад – 2 тилло, 1 нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.