20.07.2022
: 494
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Лос Анҷелес-2028 эълон кард, ки Олимпиадаи соли 2028 14 июл оғоз шуда, 30 июл ба анҷом мерасад. Бозиҳои паралимпӣ бояд 15 август оғоз шуда, 27 август ба охир расад.
Пас аз Бозиҳои олимпии соли 1924, ки 5 июл кушода шуда буд, ин аввалин бозиҳо аст, ки барвақттар оғоз хоҳад гашт. Одатан Бозиҳои олимпӣ дар моҳи август доир мешавад.
Ин санаҳо дар ҷараёни боздиди президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах аз қароргоҳи Лос Анҷелес-2028 тасдиқ карда шуд.
Томас Бах ҳамроҳи раиси Комиссияи ҳамоҳангсози КБО дар Лос Анҷелес-2028 Никол Ҳовертсз барои баррасии нақшаи бозиҳо аз шаҳри Калифорния боздид кард. Аз ҷумла дар Лос Анҷелес Томас Бах ва Никол Ҳовертсз бо роҳбарияти Лос Анҷелес-2028 ва мансабдорони шаҳр мулоқот, аз иншооти варзишӣ дидан карданд ва барномаҳои варзишии ҷавонони “PlayLA”-ро тамошо карданд, ки қисман аз ҷониби КБО маблағгузорӣ карда мешавад.
Ин сеюм маротиба мешавад, ки Лос Анҷелес мизбони Олимпиада мегардад. Қаблан ин шаҳри амрикоӣ солҳои 1932 ва 1984 Бозиҳои олимпиро гузаронида буд. Вале Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар Лос Анҷелес баргузор мешавад.