19.07.2022
: 539
Имрӯз дар ноҳияи Дарвоз семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) оғоз гардид, ки фардо идома меёбад.
Дар семинари дурӯза, ки бо роҳбарии раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева доир мегардад, бо варзишгарони ҷавон масъалаҳои барои онҳо алоқаманд, мисли мубориза бо допинг, бозии одилона, Кодекси одоби варзишгар, фаъолияти Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Комиссияи варзишгарони КМОТ, дастгирии варзишгарон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра муҳокима мегарданд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Дарвоз намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода мешавад.
Комиссияи варзишгарони КМОТ соли 2020 таъсис ёфта, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси комиссия интихоб шуд. Намояндагони Комиссияи варзишгарон тибқи тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба узвияти Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб гардиданд.
Семинари омӯзишӣ барои варзишгарон қаблан дар шаҳри Исфара баргузор шуда буд, инчунин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст.