Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИЛДАР АҲМАДИЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: ҲАДАФ ИҶРО ШУД

ИЛДАР АҲМАДИЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: ҲАДАФ ИҶРО ШУД ИЛДАР АҲМАДИЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: ҲАДАФ ИҶРО ШУД ИЛДАР АҲМАДИЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: ҲАДАФ ИҶРО ШУД ИЛДАР АҲМАДИЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: ҲАДАФ ИҶРО ШУД

18.07.2022

: 701

15 июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз гардид, ки то 24 июл идома меёбад.

Дар чемпионат, ки аз рӯи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, 1900 варзишгар аз беш аз 190 давлати дунё ширкат доранд.

Ҷумҳурии моро дар чемпионат иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард.

Мусобиқа дар масофаи 100 метр миёни мардҳо 15-16 июл баргузор гардид. Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Дар даври дуюм миёни 57 нафар 55-ум шуд.

Ба ҳар сурат, ӯ ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфт, ки ҳадафашро иҷро кард. Бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.

Мураббии варзишгар Ғайрат Негматов ба “sports.tj” гуфтааст, пас аз осеб дидан, ки то ҳол барқарор нашудааст, Илдар наметавонист натиҷаи беҳтарро нишон диҳад. Ба ҳар ҳол ӯ ҳадафи асосиро – баромадан ба даври дуюм – иҷро кард. Қаблан ин ба варзишгарони мо, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон иштирок кардаанд, даст надодааст, мисли Олга Герасимова, Аҷмал Амиров, Владислава Овчаренко, Кристина Пронженко, Фаворис Музрапов ва дигарон.

Воқеан, Илдар Аҳмадиев имсол дар дав ба масофаи 100 метр пас аз 36 сол бо натиҷаи 10.37 сония рекорди нави Тоҷикистонро гузошт.

Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо се ҷои аввалро намояндагони ШМА ба даст оварданд. Фред Керлей бо натиҷаи 9.86 сония ҷои аввал, Марвин Бреси бо натиҷаи 9.88 сония ҷои дуюм, Трейвон Бромел бо натиҷаи 9.88 сония ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Рекорди ҷаҳонӣ дар масофаи 100 метр миёни мардҳо ба Усэйн Болт (Ямайка) мансуб аст (9.58), ки соли 2009 гузоштааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3 медал дорад – 2 тилло, 1 нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.