Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БЕҲРӮЗ ВА КОМРОНШОҲ ДАР “GRAND SLAM HUNGARY” ҶОИ ҲАФТУМРО ГИРИФТАНД

11.07.2022

: 542

8-10 июл мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Grand Slam Hungary 2022” баргузор шуд.

Дар дуюм мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд. Аз ҷумла аз ҷумҳурии мо 5 нафар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба Будапешт сафарбар гардиданд.

Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Беҳрӯз дар вазни -73кг қувваозмоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар намояндаи Булғористон Марк Ҳристов, дар даври сеюм бар варзишгари Олмон Игор Вандтке пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров (ғолиби ин вазн) ва дар қуввасанҷии тасаллобахш аз Тоҳар Битбули исроилӣ мағлуб гашт.

Комроншоҳ низ дар вазни -90кг нерӯсанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, варзишгари Муғулистон Мунхбайар Баттогтох, дар даври сеюм намояндаи Гурҷистон Ника Харазишвилиро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Бразил Рафаэл Македо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари кишвари мизбон Гергилӣ Нерпел шикаст хурд.

Варзишгари дигарамон дар вазни -90кг Ҷаҳонгир Маҷидов дар ду давр бар варзишгарони Чехия (Давид Кламмерт) ва Қазоқистон (Ерасил Жанатаев) дастболо шуд, вале дар даври сеюм аз намояндаи Гурҷистон Бека Гвиниашвилӣ мағлуб гардид. Муҳаммад Маҳмадизода низ дар вазни -60кг дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) намояндаи Ветнам Дук Дат Чуро шикаст дод, вале дар даври сеюм аз варзишгари Муғулистон Ариунболд Енхтаиван шикаст хурд.

Дар ин мусобиқа бештари медалҳоро Ҷопон ба даст овард – 8 тилло, 1 биринҷӣ. Италия бо 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ – ҷои дуюм ва Бразил 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд. Тоҷикистон бо 2 ҷои ҳафтум миёни 61 давлат дар ҷои 34-ум мавқеъ гирифт.