Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ КФО-2022: “ХУҶАНД” БА ФИНАЛИ МИНТАҚАВӢ РОҲ ЁФТ

02.07.2022

: 346

Барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2021 – дастаи “Хуҷанд” ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” мусовӣ бозӣ кард (0:0).

Дастаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми КФО-2022 – КМВА дар гурӯҳи «Е» ҷои сеюмро ишғол намуд. Барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2021 бо ғолиби Ҷоми Қирғизистон «Нефтчӣ» мусовӣ бозӣ кард (0:0).

Дар ду даври қаблӣ дастаи артиш бо «Алтин Асир»-и Туркманистон мусовӣ (1:1) бозӣ карда, аз «Суғдиён»-и Узбекистон (2:3) шикаст хӯрда буд. КМВА баъди се бозӣ ду хол ба даст оварда, дар гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт.

Дар гурӯҳи «Е» дастаи «Суғдиён»-и Ҷиззах, ки дар се бозии анҷомдода се пирӯзӣ ба даст овард, ғолиб гашт.

Ҳамин тариқ, дар финали минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Узбекистон) вомехӯранд. Ин вохӯрӣ 17 август барпо мегардад. Макони баргузории бозӣ рӯзи 14-уми июл пас аз натоиҷи қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи КФО баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд. Ғолиби минтақа 100 ҳазор доллари ИМА ҷоизапулӣ мегирад.