Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУСТАФО АХМЕДОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

26.06.2022

: 371

25 июн дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонон (U-23) дар равияи тарзи озод, ки дар Бишкеки Қирғизистон доир гашт, варзишгари тоҷик Мустафо Ахмедов дар вазни -70кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Мустафо дар даври аввал бар Бегиҷон Кулдошев аз Узбекистон, дар даври дуюм бар Каран Каран аз Ҳиндустон ғалаба карда, дар даври сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Орозобек Токтомамбетов шикаст хурд. Ӯ сипас қувваозмоиро дар нимфинал идома дод, вале аз варзишгари Қазоқистон Досжан Ассетов мағлуб гардид ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Туркманистон Арслан Аманмуродовро шикаст дод.

Бо ҳамин, Чемпионати Осиё миёни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-23), ки 19 июн оғоз ёфта буд, ба анҷом расид.

Варзишгарони мо дар умум 5 медал – 3 нуқра, 2 биринҷӣ - ба даст оварданд. Медалҳои нуқраро Суннат Абдуллоев (юнонеӣ-римӣ, -65кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (тарзи озод, -80кг) миёни наврасон, Асламҷон Азизов (юнонӣ-римӣ, -55кг) миёни ҷавонон сазовор шуданд. Ҳусейн Ҳасанов (юнонӣ-римӣ, -60кг) миёни наврасон, Мустафо Ахмедов (тарзи озод, -70кг) миёни ҷавонон медали биринҷӣ гирифтанд.