24.06.2022
: 489
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳамбастагии олимпӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон давоми се моҳ лоиҳаи “Рушди сохтори миллии варзиши ҷудо”-ро амалӣ мекунад.
Татбиқи лоиҳа дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла дар толори варзишии “Устопириён”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳа барои мураббиён ва доварони ҷудои вилояти Суғд курсҳои омӯзишӣ доир гашт.
Курсҳои омӯзшӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиён ва доварони ҷудо ба таври амалӣ ҷараён гирифт. Мураббиён минбаъд ба шогирдон усулҳои нави ҷудоро меомӯзонанд ва доварон дар мусобиқаҳо таҷрибаи андухтаашонро ба кор мебаранд.
Атоулло Аббоснажод - мураббии байналмилалии дорои дани ҳаштум аз Федератсияи ҷаҳонии ҷудо ва Рамзӣ Шамиров - довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон барои иштирокчиён омӯзишҳои лозимро ироа намуданд.