23.06.2022
: 535
Паёми табрикии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба муносибати Рӯзи олимпӣ
Ҳар сол 23-юми июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад.
Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд.
Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд. 23 июни ҳамон сол Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт.
Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.
Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуд. Онҳо аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъди бештар аз 100 сол, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз 202 давлат дар 28 намуди варзиш ширкат карданд.
Дар Хартияи олимпӣ омадааст: “Мақсади ҳаракати олимпӣ тарбияи ҷавонон ба воситаи варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқат ва ба ин восита дунёи беҳтар ва осуда сохтан мебошад”.
Мо дар арафаи 25-ум солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ҷанги дохилӣ дар кишвар анҷом ёфт ва имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорем.
Сулҳу ваҳдат асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла варзиш мегардад. Агар мо ба таърихи Ҳаракати олимпӣ назар афканем, мебинем, ки Бозиҳои олимпии соли 1916 бо сабаби Ҷанги якуми ҷаҳон ва солҳои 1940 ва 1944 бо сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳон баргузор нашуданд.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24-уми сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.
Дар солҳои аввали истиқлолият, замоне ки дар кишвар кашмакашиҳои сиёсӣ ва бетартибию беқонунӣ ҳукмрон буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари ҷавони давлат, Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар мегардиданд ва бо медалҳо ба Ватан бармегаштанд. Аз ҷумла, варзишгари тоҷикистонӣ Андрей Абдувалиев солҳои 1993 ва 1995 дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар намуди гурзандозӣ сазовори медали тилло гардид.
Ба кашмакашиҳои сиёсӣ нигоҳ накарда, маҳз бо дастгирии Сарвари давлат ҳайати олимпии Тоҷикистон зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар 12-ум Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон баргузор шуд, ширкат кард. Дар ин бозиҳо варзишгарони мо сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд. Умуман, дар Бозиҳои Осиё Тоҷикистон то имрӯз сазовори 27 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидааст.
Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ бошад, бори аввал соли 1996 дар шаҳри Атлантаи ШМА ширкат кард. Албатта, ин ҳам дар замони кашмакашиҳои дохилӣ буд ва бе дастгирии роҳбарияти олии давлат ин имкон надошт. Дар ин бозиҳо 8 варзишгар шарафи варзиши кишварамонро ҳимоя карданд. То имрӯз Тоҷикистон сазовори 4 медали олимпӣ гардидааст – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ.
Баъд аз Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 соҳаи варзиш, аз ҷумла Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ бештар рушд кард. Хусусан, баъд аз мулоқоташон бо варзишгарон дар санаи 20 декабри соли 2010.
Аз ин пештар, 28 марти соли 2007 Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи баргузор намудани Дави миллӣ” ба имзо расид, ки ин чорабинии муҳим дар роҳи солим нигоҳ доштани ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад ва ҳар сол сафи иштирокчиёни он меафзояд. Ҳаминро ҳам гуфтан бамаврид аст, ки қабл аз соли 2007 – солҳои 2005 ва 2006 Дави олимпӣ доир гардида, дар аввалин Дави олимпӣ Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.
Баъд аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш давоми 12 сол дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Хусусан, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ се соли охир дар пойтахт ҳудуди 300 майдончаи варзишӣ, маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обӣ бо стандарти бозиҳои олимпӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки албатта дар солимии ҷомеа ва рушди варзиши кишвар мусоидат хоҳад кард.
Боиси хушнудии мост, ки маҳз бо дастури Ҷаноби олӣ имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, чӣ миёнаи умумӣ, чӣ олӣ бе толору майдончаҳои варзишӣ сохта намешаванд. Инро мо зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мекунем.
Ташаббуси созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон он аст, ки 9 январи соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт. Бо амрҳои Президенти ҷумҳурӣ солҳои 2015-2021 201 варзишгар, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори медал гардидаанд ва мураббиёни онҳо сазовори ин ҷоиза шуданд. Ҳаҷми умумии маблағи ҷоиза 4 392 500 сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ордену ҷоизаҳои бешуморашон дар самтҳои гуногун, дар варзиш низ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои хизматҳои шоёнашон қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё ва медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардидаанд.
Имсол чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз шуд. Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори ин рӯз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 15 май дар Дави миллӣ ва 4-уми июн дар марафони байналмилалӣ дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳм гузошт. Ҳамчунин, дирӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аввалин Конфронси Олимичиёни Тоҷикистон доир гашта, имрӯз аз субҳ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои гуногуни варзишию маърифатӣ доир гаштанд.
Дар робита ба ин варзишгарон, собиқадорони варзиш ва мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ шодбош гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори хушу осуда ва муваффақият таманно мекунам.