16.06.2022
: 565
15 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки то 20 июн идома меёбад.
Тавре котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов иттилоъ дод, дар мусобиқа дастаҳои волейболи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат доранд.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дастаҳо миёни ҳам дубозигӣ анҷом медиҳанд. Дар рӯзи аввал – 15 июн Тоҷикистону Қазоқистон сабқат карданд ва дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Имрӯз – 16 июн Қазоқистон бо Узбекистон вомехуранд. 17 июн Узбекистон бо Тоҷикистон, 18 июн Тоҷикистон бо Узбекистон, 19 июн Қазоқистон бо Узбекистон ва 20 июн Тоҷикистон бо Қазоқистон бозӣ мекунанд.