Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ

ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ИСТИҚБОЛИ САМИМОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ

16.06.2022

: 375

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Барои истиқболи тими миллии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулони соҳаи варзиш, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва ҳаводорони футбол ҷамъ омаданд.

Футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро дар толори пазироии меҳмонҳои олиқадр (VIP) раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва дигар масъулони соҳа пешвоз гирифта, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои муваффақият дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек ва ба даст овардани роҳхат ба қисмати финалии Чемпионати Осиё табрик гуфтанд ва ба ҳар як узви даста изҳори сипос карданд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки аз 8-ум то 14-уми июн дар Бишкек баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғолиб омада, бо тими миллии Қирғизистон рақобатро мусовӣ (0:0) анҷом дод. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт бо касби ҳафт имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро касб кард ва барои аввалин бор дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.