Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ БОЛАТ ТУРЛИХОНОВ ИШТИРОК МЕКУНАНД

30.05.2022

: 489

Гуштингирони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки 2-5 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, дар ин мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 9 нафар (5 нафар оид ба гуштини юнонӣ-римӣ, 4 нафар оид ба гуштини тарзи озод) ба Қазоқистон сафарбар мегарданд:

Гуштини юнонӣ-римӣ
1. Асламҷон Азизов (55кг)
2. Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
3. Шероз Очилов (72кг)
4. Ҳабибҷон Зуҳуров (77кг)
5. Суҳроб Абдулҳаев (82кг)

Гуштини озод
1. Шамсиддин Ибодов (61кг)
2. Комрон Холов (65кг)
3. Муборакшо Қурбонбеков (70кг)
4. Файз Файззода (97кг)