Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРСУНЗОДА МАЪЛУМ ШУДАНД

БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРСУНЗОДА МАЪЛУМ ШУДАНД БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРСУНЗОДА МАЪЛУМ ШУДАНД БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРСУНЗОДА МАЪЛУМ ШУДАНД БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРСУНЗОДА МАЪЛУМ ШУДАНД

22.05.2022

: 333

16-21 майи соли равон дар шаҳри Турсунзода Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот баргузор гардид.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар чемпионат 63 нафар, аз ҷумла 17 бону аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд. Сабқатҳо миёни мардҳо, бонувон ва собиқадорон доир шуд.

Ҳамин тариқ, миёни мардҳо зинаи аввал насиби намояндаи шаҳри Душанбе Меҳриддин Шарифов шуд. Намояндагони дигари шаҳри Душанбе Алишер Каримов ҷои дуюм, Сӯҳроб Ҳамдамов ҷои сеюмро гирифтанд.

Миёни бонувон бошад, Мутриба Ҳотамӣ (аз Душанбе) дигарбора беҳтарин бонуи шоҳмотбози кишвар буданашро нишон дод. Рухшона Саидова аз вилояти Суғд дар мақоми дуюм, Лидия Антонова (Душанбе) дар мақоми сеюм мавқеъ гирифтанд.

Дар миёни собиқадарон намояндаи тими "Хатлон-2" Ашӯр Ёрмадов унвони чемпиониро сазовор шуд. Ҳамдастааш Зурхон Ризвонов дар мақоми дуюм, намояндаи ВМКБ Олуча Ҷумъаев дар зинаи сеюм қарор гирифтанд.

Ғолибон бо медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷоизапулии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.