Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: ҒОЛИБ ДАР ДАВРИ НИҲОӢ МУАЙЯН МЕШАВАД

19.05.2022

: 332

18 май бозиҳои даври чоруми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор шуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври навбатии чемпионат, ки дар Душанбе ҷараён дорад, аз тими наврасони Узбекистон мағлуб шуд – 0:2.

Дар бозии дигари даври чоруми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Эрон Афғонистонро мағлуб намуд – 1:0.

Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо, дастаҳои Узбекистон ва Эрон бо 7-холӣ пешсафанд. Тоҷикистон бо 4 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад. Афғонистон 2 хол, Қирғизистон 1 хол доранд.

Ғолиби чемпионат дар даври ниҳоӣ, ки 20 май доир мешавад, муайян мегардад. Дар даври панҷум Қирғизистон бо Узбекистон (18:00), Тоҷикистон бо Эрон (21:00) вомехуранд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0

Даври 3
Эрон – Қирғизистон – 2:0
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 0:0

Даври 4
18 май
Эрон – Афғонистон – 1:0
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:0

Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон