Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АФЗАЛ ВА МАНИЖА – ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ

АФЗАЛ ВА МАНИЖА – ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ АФЗАЛ ВА МАНИЖА – ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ АФЗАЛ ВА МАНИЖА – ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ

10.05.2022

: 417

7-9 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи тенниси рӯи миз, мусобиқа ба ифтихори 77-ум солгарди Ғалаба бар фашизм ба таври инфиродӣ миёни мардҳо ва бонувон сурат гирифт. Дар он 56 варзишгар – 32 мард, 24 зан аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд.

Дар натиҷа, миёни мардҳо ҷои якумро Афзал Маҳмудов (Суғд) сазовор шуд. Ҷои дуюм насиби Убайдулло Султонов (Душанбе), ҷои сеюм насиби Муҳаммад Зоҳидов (Суғд) гардид.

Миёни бонувон Манижа Самадова (Душанбе) ғолиб шуд. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ бар Сабрина Муродӣ (Суғд) пирӯз гардид. Ҷои сеюмро Меҳринисо Шарипова (Хатлон-2) ишғол намуд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карда, ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷом, медал, ифтихорнома ва ҷоизапулӣ тақдим карданд.