09.05.2022
: 415
8-уми май дар Истанбули Туркия маросими кушодашавии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон доир шуд.
Маълумот дода шуд, ки дар чемпионат шумораи рекордии 310 варзишгар бо намояндагӣ аз 73 федератсияи миллӣ дар 12 категорияи вазнӣ муҳориба хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз чор нафар – Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг), Миҷгона Самадова (57кг) ва Шоира Зулқайнарова (63кг) намояндагӣ мекунанд.
Сумайя Қосимова дар асоси қуръакашӣ аввалин муҳорибаашро 10 май зидди Севда Асенова аз Булғория анҷом медиҳад. Дар вазни 48кг 32 нафар барои унвони чемпионӣ талош мекунанд.
Ҳарифи Руҳафзо Ҳақназарова бошад, Айда Санталла аз Боливия мебошад. Муҳорибаи онҳо 12 май сурат мегирад. Дар вазни 50кг ҳамроҳи Руҳафзо 29 нафари дигар кӯшиши чемпиони ҷаҳон шуданро мекунанд.
Миҷгона Самадова дар даври аввал озод аст. Ӯ дар даври дуюм 11 май бо ғолиби ҷуфти Йу Тинг-Линг (Тайпей) / Сзелин Гросӣ (Фаронса) муҳориба мекунад. Дар вазни 57кг 36 нафар барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
Шоира Зулқайнарова низ 11 май ба ринг мебарояд. Ҳарифаш Ҷ. Ноура аз Кувайт мебошад. Дар вазни 63кг ҳамагӣ 26 нафар ба қайд гирифта шудаанд.