Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 БАЙНИ НАВРАСОН (U-16) БАРГУЗОР МЕШАВАД

06.05.2022

: 343

Аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола баргузор мешавад. Панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар чемпионат мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни наврасон (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)

Иштирокчиён:

ТОҶИКИСТОН
Эрон
Афғонистон
Узбекистон
Қирғизистон

Даври 1
13 май (ҷумъа)
18:00. Узбекистон – Эрон
21:00. Афғонистон – Қирғизистон

Даври 2
14 май (шанбе)
18:00. Афғонистон – Узбекистон
21:00. Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3
16 май (душанбе)
18:00. Эрон – Қирғизистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4
18 май (чоршанбе)
18:00. Эрон – Афғонистон
21:00. Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00. Қирғизистон – Узбекистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Эрон