Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ОСИЁ-2022 БА ТАЪХИР АФТОДА, БОЗИҲОИ ОСИЁИИ НАВРАСОН-2021 БАРҲАМ ХУРД

06.05.2022

: 468

19-ум Бозиҳои Осиё - Ҳангжоу-2022 ба далели аз байн нарафтани вазъи пандемия дар Чин ба таъхир афтод.

Қарор буд, Ҳангжоуи Чин бозиҳоро аз 10 то 25 сентябри соли ҷорӣ баргузор кунад.

Қарор дар бораи мавқуф гузоштани бозиҳо пас аз муҳокимаҳои муфассал бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Ҳангжоу-2022 (HAGOC), имрӯз – 6 май - дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) қабул шуд.

Бозиҳои осиёии наврасон бошад, ки қарор буд аз 20 то 28 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Шантоуи Чин баргузор мешуд, лағв гардид.

Айни замон дар Чин пандемияи COVID-19 аз байн нарафтааст, ки сабаби асосии ба таъхир гузоштани 19-ум Бозиҳои Осиё гардидааст.

Тибқи қарори OCA ном ва нишони Ҳангжоу-2022 сарфи назар аз таъхир бетағйир боқӣ мемонад. Санаҳои нави чорабинӣ ҳанӯз бо OCA мувофиқа карда нашудааст, Кумитаи олимпии Чин ва HAGOC дар ин бора ояндаи наздик қарор қабул хоҳанд кард.

Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 дар ибтидо аз 20 то 28 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале ба далели COVID-19 ба моҳи декабри соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд. Пас аз муҳокима бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукот, Кумитаи иҷроия OCA тасмим гирифт, азбаски Бозиҳои осиёии наврасон аллакай як маротиба ба таъхир гузошта шуда буд, лағв карда шавад.

Бозиҳои навбатии осиёии наврасон бояд соли 2025 дар Тошканди Узбекистон баргузор шавад. Чорабинӣ аз соли 2013, вақте ки Нанҷинг мизбон буд, баргузор нашудааст.