Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-16) АЗ МАКЕДОНИЯИ ШИМОЛӢ ДАР СИЛСИЛАЗАРБАҲОИ ПЕНАЛТӢ ШИКАСТ ХӮРД

04.05.2022

: 364

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 3-юми май бозии якумашро дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе бо тими наврасони Македонияи Шимолӣ анҷом дод.

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар ҳайати мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров ба номаш як голро сабт намуд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.

Дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 5 май бо дастаи Ҳондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ – 5:4

Косово – Ҳондурас – 2:0

Даври 2
5 май (панҷшанбе)
19:00 – Ҳондурас – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – Македонияи Шимолӣ – Ҳондурас
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово

Эзоҳ: Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.