Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: АВВАЛИН ПИРӮЗИИ “РАВШАН” (З), АВВАЛИН БОХТИ КМВА

03.05.2022

: 380

30 апрел – 1 май бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар даври панҷум дастаи КМВ Артиш ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, “Равшан”-и Зафаробод бошад, аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт.

КМВА дар майдони худ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ба як голи бозингари тими мизбон Шарафҷон Солеҳов, кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд.

“Равшан”-и Зафаробод бошад, бар тими “Истаравшан” пирӯз шуд - 2:1. Ҳисобро футболбози “Истарвшан” Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии “Равшан”-и Зафарободро дар лигаи олӣ таъмин кард.

Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ” дар бозии хонагӣ тими “Эсхата”-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати тими ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ заданд.

“Хатлон”-и Бохтар дар ин давр бо “Хуҷанд” баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Дар даври шашум, 7-уми май “Эсхата” бо “Равшан” (З), “Файзканд” бо “Регар-ТадАЗ”, 9-уми май “Истаравшан” бо КМВА, 12-уми май “Хуҷанд” бо “Равшан” (К) ва “Хатлон” бо “Истиқлол” вомехуранд. Инчунин, 8-уми май миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2022 доир мегардад.