Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО: “ИСТИҚЛОЛ” АЗ “АЛ-РАЙЯН” ШИКАСТ ХУРД

09.04.2022

: 393

Чемпиони Тоҷикистон - тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии нахусташ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи “А” аз тими “Ал-Райян”-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Бозии дастаҳо шоми 8-уми апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии “Шоҳ Фаҳд”-и шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Голҳоро дар ҳайати тими “Истиқлол” Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) бар дастаи “Шарҷа” (АМА) пирӯз шуд – 2:1.

“Истиқлол” 11-уми апрел дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо тими “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехурад.