Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ ВОЛЕЙБОЛ

08.04.2022

: 395

Мусобиқа оид ба волейбол (FIVB) бори аввал соли 1964 дар Олимпиадаи Токио баргузор шуд ва то имрӯз ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст.

Мусобиқаи волейбол миёни мардҳо ва бонувон сурат мегирад. Ҳам миёни мардҳо ва ҳам бонувон 12-дастаӣ ширкат мекунанд. Аввалин чемпиони олимпӣ миёни мардҳо дастаи воейболи ИҶШС ва миёни бонувон тими волейболи Ҷопон мебошанд. Ахиран дар Бозиҳои олимпии Токио миёни мардҳо тими Фаронса ва миёни бонувон дастаи ШМА ғолиб шуданд.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла волейбол ворид гардидааст.

Дар намуди волейбол ҳамагӣ 288 варзишгар (144 нафар миёни мардон (12 даста), 144 нафар миёни бонувон (12 даста)) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 2 тим (1 тими мардона, 1 тими бонувон). 11 тими мардон ва 11 тими бонувон тариқи роҳхати мустақим, 2 тими кишвари мизбон (мардҳо ва бонувон) ба Париж сафарбар мегарданд.

Роҳхатҳо (22 тим) ҳам дар асоси радабандии Федератсияи байналмилалии волейбол, ҳам тариқи мусобиқаҳои интихобӣ тақсим мешаванд.

Дар 3 мусобиқаи интихобӣ миёни бонувон ва 3 мусобиқа миёни мардҳо сентябр-октябри соли 2023 дудастаӣ дар ҳар мусобиқа – 6-дастаӣ миёни мардҳо ва бонувон соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд. 5-дастаии дигар миёни мардҳо ва бонувон тариқи радабандии FIVB роҳхат мегиранд. Натиҷаи радабандӣ 17 июни соли 2024 барои мардҳо ва 24 июни соли 2024 барои бонувон эълон мегардад.

Мусобиқаи волейбол дар Бозиҳои олимпии Париж-2024

Қувваозмоӣ – 2
Мардон – 1
Бонувон – 1

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 12 тим (144 нафар)
Бонувон – 12 тим (144 нафар)
Ҳамагӣ – 24 тими (288 нафар)

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 22 тим (11 тими мардҳо, 11 тими бонувон)
Квота барои кишвари мизбон – 2 (1 тими мардҳо, 1 тими бонувон)
Ҳамагӣ – 24 тим

Мусобиқаҳои интихобӣ
Сентябр-октябри соли 2023

Эълони радабандии FIVB
Июни соли 2024