Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР НИММАРАФОНИ СҲШ ЧАНДУМ ШУДАНД?

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР НИММАРАФОНИ СҲШ ЧАНДУМ ШУДАНД? ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР НИММАРАФОНИ СҲШ ЧАНДУМ ШУДАНД?

04.04.2022

: 449

Дар шаҳри Ташканди Узбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

Дар Ниммарафони СҲШ ҳудуди 2300 варзишгар аз 31 давлат иштирок карданд.

Кишвари моро дар ин чорабинӣ чор нафар намояндагӣ карданд: Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷа Ғаффорзода, Раҷабмо Абдуллоева.

Ниммарафони СҲШ дар шаҳри Тошканд дар ду масофа баргузор шуд – 10 км ва 21 км 97,5 м.

Натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони мо дар ниммарафон бонувон ба қайд гирифтанд. Раҷабмо Абдуллоева бо натиҷаи 1:29:53 панҷум ва Зулҳиҷҷа Ғафорзода бо натиҷаи 1:31:00 шашум шуданд.

Миёни бонувон ғолиби Ниммарафони СҲШ-2021 дар Душанбе Азиза Мирзоакбарова (Узбекистон) бо натиҷаи 1:15:16 пирӯз шуд. Ҷои дуюм бо натиҷаи 1:16:45 насиби намояндаи Қирғизистон Мария Коробитская гардид. Ситора Қурбонова (Узбекистон) бо натиҷаи 1:24:38 сеюм шуда ба марра расид. Ҷои чорумро намояндаи дигари мизбон Маҳинабону Комилова ишғол кард - 1:25:29.

Миёни мардҳо бо натиҷаи 1:04:28 Нурсултон Кунешбеков (Қирғизистон) ҷои аввалро гирифт. Ғолиби Ниммарафони Душанбе 2021 Шоҳрух Давлатов (Узбекистон) бо натиҷаи 1:04:40 дуюм шуд. Ержан Жанарстанов аз Қазоқистон бо натиҷаи 1:07:47 ҷои сеюмро сазовор гашт. Се ҷои баъдиро намояндагони кишвари мизбон ишғол карданд – Отабек Тошқувватов (1:07:53), Ойбек Маматкомилов (1:08:26), Евгений Фадеев (1:08:42).

Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.