Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ ШИРКАТ МЕКУНАНД

30.03.2022

: 447

Сайри ҷаҳонии ҷудо бо мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2022” идома меёбад. Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқа иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё дар назар аст. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат мекунанд:

-60кг – Меҳрзод СӮФИЕВ
-66кг – Абубакр ШЕРОВ
-66кг – Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-100кг – Абубкри АКОБИР
+100кг – Темур РАҲИМОВ

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.