Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КУРАШ: МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ

КУРАШ: МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ КУРАШ: МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ КУРАШ: МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ

21.03.2022

: 380

20 март Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни калонсолон дар шаҳри Душанбе идома ёфт.

Дар рӯзи дуюм паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг ғолиб гардид. Ӯ дар финал бар варзишгари узбекистонӣ Абдулазиз Ҳамроев пирӯз шуд.

Инчунин, варзишгарони мо дар ин рӯз ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд. Фазилат Гулбоева дар вазни -57кг миёни бонувон, Субҳиддин Халилзод дар вазни -73кг миёни мардҳо ҷои дуюмро ишғол намуданд. Абубакри Акобир дар вазни -100кг миёни мардҳо ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба кураш Додохон Қурбоналиев дар вазни +100кг медали тилло, Ҳақназар Назаров дар вазни -90кг медали нуқра, Умар Расулов дар вазни -81кг ва Мавлуда Асламова дар вазни -87 миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Умуман варзишгарони мо сазовори 8 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.

Чемпионати Осиё оид ба кураш Душанбе 2022
Натиҷаҳои рӯзи дуюм

Бонувон
-48кг
1. Диана Йеҳ (Тайпей)
2. Моҳинур Мӯъминова (Ӯзбекистон)
3. Сранг Тин То (Ветнам)
3. Малапрабҳа Чатҳав (Ҳиндустон)

-57кг
1. Ибодатхон Агоҷонова (Ӯзбекистон)
2. Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
3. Йу-Ҳсуан Чуанг (Тайпей)
3. Саовалак Ҳомклин (Тайланд)

-63кг
1. Оля Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2. Садаф Ардашер (Эрон)
3. Йу-Чинг Ченг (Тайпей)
3. Бҳартӣ (Ҳиндустон)

-78кг
1. Филура (Ӯзбекистон)
2. Зуҳро Алиакбар (Эрон)
3. Чиа-Линг Лиу (Тайпей)
3. Манприт (Ҳиндустон)

+78кг
1 Фотима Бармакӣ (Эрон)
2 Ти Танҳ Тран (Ветнам)
3 Ситора Хусанова (Узбекистон)
3 Ҷиттима Сирикарн (Тайланд)

Мардҳо
-60кг
1. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
2. Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
3. Хатансайхан Амарсанаа (Муғулистон)
3. Баримонлу Алӣ Муҳаммадӣ (Эрон)

-73кг
1. Илёс Сабзалӣ Покдил (Эрон)
2. Субҳиддин Халилзод (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад Муҳаммад (Кувейт)
3. Нгок Сон Ву (Ветнам)

-100кг
1. Ҷавон Ҳайдар Алӣ Муродӣ (Эрон)
2. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
3. Абубакри Акобир (Тоҷикистон)
3. Вишал (Ҳиндустон)