Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН БА НИМФИНАЛ РАСИД

ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН БА НИМФИНАЛ РАСИД ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН БА НИМФИНАЛ РАСИД ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН БА НИМФИНАЛ РАСИД

08.03.2022

: 575

Тавре хабар дода будем, 2 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 14 март идома меёбад.

Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.

Дар даври чорякфинал, ки рӯзҳои 5-7 март баргузор шуд, Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) миёни наврасон, Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Нурланбек Эрматов (-75кг) миёни ҷавонон ҳарифонашонро шикаст дода, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.

Се нафари дигар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шуруъ менамоянд.

Дар даври муқаддамотӣ ва чорякфинал миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов (-48кг), Дамир Муйбалихонов (-52кг), Ҷаъфар Ҳакимов (-50кг), Усмоншайх Усмонов (-63кг), Аъзам Фозилов (-75кг), Фирӯз Раҷабов (-80кг), миёни ҷавонон Абубакр Муродов (-57кг), Анушервон Ақназаров (-67кг), Меъроҷ Зоидов (-48кг), Асламҷон Қурбонов (-51кг), Бузургмеҳр Иксанов (-54кг), Саддам Давлатов (-63,5кг) ва Парвиз Ахмедов (-92кг) аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардиданд.

Муҳорибаҳои нимфинал 8-11 март ба нақша гирифта шудааст. Ҳангома Исоева (-57кг) 8-уми март, Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) 10-уми март, Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) 11-уми март дар даври нимфинал қувваозмоӣ мекунанд.

Муҳорибаҳои финал 13-14-уми март доир хоҳанд шуд.