Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚУРЪАКАШИИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ-2022 ДОИР ШУД

02.03.2022

: 464

2-юми март дар “Кохи Парфенон”-и Душанбе қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими 2022 баргузор шуд.

Дар 31-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол даҳ клуб иштирок мекунанд – «Истиқлол», КМВА (ҳар ду – Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳар ду – Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , “Файзканд” (Восеъ), “Равшан” (Кӯлоб), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ва “Равшан” (Зафаробод).

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон пас аз як моҳ – 2 апрел оғоз шуда, тибқи формулаи нав баргузор мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ клуб дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда захира мегарданд.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол мекунанд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-ро ишғол намуда, барои мондан дар лигаи олӣ мубориза мебаранд ва ду дастаи поёни ҷадвал дар охири мавсим ба лигаи аввал мераванд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Тибқи рақамҳои силсилавии дастаҳо, ки ҳангоми қуръакашӣ муайян гардид, тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Мувофиқи системаи Бергер дар даври якуми марҳилаи аввал 2-3 апрел дастаҳо ба таври зайл бозӣ мекунанд:

"Эсхата" - "Хуҷанд"
“Файзканд” – “Истаравшан”
“Хатлон” – “Равшан-К”
“Истиқлол” - КМВА
“Регар-ТадАЗ” – “Равшан-З”

Тақвими пурраи Чемпионати Тоҷикистон бо истифода аз ҷадвали шатранҷбоз ва олими маъруфи Австрия Бергер тартиб дода мешавад.