Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“РЕГАР ТАДАЗ” БОРИ СЕЮМ ҒОЛИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

27.02.2022

: 431

Бо ғалабаи тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода марҳилаи финалии 11-ум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар бозии финалӣ “Регар ТадАЗ” бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Муваффақияти дастаи Турсунзода тавассути ду голи Артур Фозилов ва голҳои Шуҳрат Элмуродов ва Фатҳулло Фатҳуллоев муяссар гардид.

Ҳамин тариқ, тими “Регар ТадАЗ” маротибаи сеюм соҳиби Ҷоми ФФТ шуд. Ин даста қаблан солҳои 2012 ва 2016 ҷомро ба даст оварда буд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ “Хатлон”-и Бохтарро шикаст дод – 3:1. Дар ҳайати тими ғолиб Амирҷон Сафаров ду гол зад. Як голи дигарро Оятулло Сафаров ба номаш навишт.

Дар марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ, ки 16-26 феврал доир гашт, 8 даста дар ду гурӯҳ бозӣ карданд: гурӯҳи «А»: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Истаравшан» (Истаравшан); гурӯҳи «Б»: «Куктош» (Рӯдакӣ), «Файзканд» (Восеъ), «Хатлон» (Бохтар), «Спитамен» (Спитамен).

Вохӯриҳои финали Ҷоми ФФТ (2012-2022):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Куктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4