Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН ДАР ЧО ОИД БА БОКС ИШТИРОК МЕКУНАНД

21.02.2022

: 559

Аз 27 феврал то 15 марти соли равон дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.

Рӯзи аввали муҳорибаҳо 2-юми март, муҳорибаҳои финалӣ 13 ва 14 март ба нақша гирифта шудааст.

Умуман, дар миёни ҷавонон ва наврасон 51 чемпион миёни бонувону мардҳо муайян карда мешаванд.

Варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни ҷавонон ва варзишгарони соли таваллудашон 2006-2007 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни наврасонро доранд.

Тавре аз Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷумҳурии мо 27 варзишгар ба Урдун сафарбар мегарданд. Аз ҷумла миёни онҳо 5 нафар бонувон мебошанд.

Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
80кг – Диёр СУЛТОНОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ
50кг – Фариза ЁҚУБОВА
54кг – Насиба ШАРИФЗОДА
57кг – Бибиҷон МУЗАФФАРОВА
60кг – Бибинишастамо ХОЛОВА

Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
70кг – Мирзобахтиёрхон АТОЕВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.

Тақвими Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон:

27-28 феврал – рӯзи омади дастаҳо

1 март 2022 – тафтиши дархостҳо
1 март – ҷаласаи техникӣ
1 март – қуръакашӣ
1 март – маросими ифтитоҳ
2 март – рӯзи аввали муҳорибаҳо
3 март – рӯзи дуюми муҳорибаҳо
4 март – рӯзи сеюми муҳорибаҳо
5 март – рӯзи чоруми муҳорибаҳо
6 март – рӯзи панҷуми муҳорибаҳо
7 март – рӯзи шашуми муҳорибаҳо
8 март – рӯзи ҳафтуми муҳорибаҳо
9 март – рӯзи ҳаштуми муҳорибаҳо
10 март – рӯзи нуҳуми муҳорибаҳо
11 март – рӯзи даҳуми муҳорибаҳо
12 март – истироҳат
13 март – муҳорибаҳои финали наврасон
14 март - муҳорибаҳои финали ҷавонон
15 март – бозгашти дастаҳо