Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 РАСМАН АНҶОМ ЁФТ

БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 РАСМАН АНҶОМ ЁФТ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 РАСМАН АНҶОМ ЁФТ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 РАСМАН АНҶОМ ЁФТ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 РАСМАН АНҶОМ ЁФТ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 РАСМАН АНҶОМ ЁФТ

21.02.2022

: 516

Шоми 20-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии Пекин, ки ҳамчунин бо номи “Лонаи паранда” маъруф аст, маросими пӯшидашавии 24-ум Бозиҳои зимистонаи олимпӣ доир шуд.

Дар маросим Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах қабл аз эълони пӯшида шудани бозиҳо, ҳангоми суханронӣ аз раҳбарони сиёсии ҷаҳон даъват кард, ки аз “ҳамбастагӣ ва сулҳ”-и варзишгарон илҳом гиранд.

"Шумо на танҳо якдигарро эҳтиром мекардед, балки якдигарро дастгирӣ мекардед, ҳатто агар кишварҳои шумо бо низоъ аз ҳам ҷудо шуда бошад ҳам, якдигарро ба оғӯш гирифтед, - гуфт Томас Бах дар муроҷиат ба варзишгарон. - Шумо ин ихтилофҳоро паси сар карда, нишон додед, ки дар ҷомеаи олимпӣ мо ҳама баробар ҳастем, новобаста аз он ки мо чӣ гунаем, аз куҷоем ва ба чӣ бовар дорем. Ин қудрати муттаҳидкунандаи Бозиҳои олимпӣ аз қувваҳое, ки мехоҳанд моро ҷудо кунанд, қавитар аст. Шумо сулҳро ташвиқ мекунед. Бигзор пешвоёни сиёсии тамоми ҷаҳон аз намунаи ҳамбастагӣ ва тарғиби сулҳи шумо илҳом гиранд”.

Президенти КБО бори дигар даъвати дастрасии баробар ба ваксинаҳои COVID-19-ро такрор кард ва аз ҳама даъват кард, ки барои хотима додан ба пандемияи давомдор, ки тақрибан дар ду сол аст идома дорад, якҷоя кор кунанд.

Мавзӯъҳои маросими пӯшидашавӣ ба маросими ифтитоҳ монанд буданд ва ба маросимҳои Бозиҳои олимпии Пекин-2008 низ ишора карданд.

Пас аз мизбонии Бозиҳои зимистонаи соли 2022, Пекин аввалин шаҳре шуд, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ кард.

Дар маросим президенти КБО Томас Бах парчаи олимпиро аз раиси шаҳри Пекин Чен Тсинин гирифта, ба раисони шаҳрҳои Милан Чузеппе Сала ва Кортина дАмпеззо Чанпетро Гедина супорид. Шаҳрҳои Милан ва Кортинаи Италия мизбони навбатии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2026 ҳастанд.

Сипас “Milan Cortina 2026” филми бадеиеро бо номи "Дуализм, якҷоя" намоиш дод, ки ҳамоҳангии ду шаҳри мизбонро, сарфи назар аз хусусиятҳои муқобили онҳо, инъикос кард.

Оташи олимпӣ, ки дар деги барфин 4-уми феврал дар маросими ифтитоҳ фурӯзон шуда буд, хомӯш гардид.

Ёдовар мешавем, ки 24-ум Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекини Чин аз рӯи 7 намуди варзиш (15 авияи варзишӣ) баргузор шуд ва дар он 2871 варзишгар аз 91 давлат ширкат карданд.

Дар ҳисоби ғайрирасмии медалҳо Норвегия дар ҷои аввал қарор гирифт. Варзишгарони инкишвар 37 медал (16 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ) ба даст оварданд. Олмон бо 12 медали тилло, 10 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои дуюм, кишвари мизбон – Чин бо 9 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Умуман, аз 91 кишвари иштирокчӣ 29 давлат медал ба даст оварданд, аз ҷумла варзишгарони 23 давлат ба гирифтани унвони чемпионӣ даст ёфтанд.

Дар ҳисоби расмӣ бошад, варзишгар аз Норвегия Ҷоҳанес Зингнес Бои бо ба даст овардани 5 медал - 4 тилло, 1 биринҷӣ – дар намуди биатлон якум шуд. Александр Болшунов (КОР) бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар сабқати лижаронӣ ҷои дуюм, Марти Олсбу Роисиланд (Норвегия) бо 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар биатлон ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Ирина Шоутен (Нидерланд) бо 3 тилло, 1 биринҷӣ дар конкитозӣ, Тересе Йоҳаг (Норвегия) бо 3 тилло дар сабқати лижаронӣ ба панҷгона ворид шуданд.