Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР “ҶОМИ РУШД-2022” ҶОИ ЧОРУМРО ИШҒОЛ КАРД

14.02.2022

: 472

Дар шаҳри Мински Беларус 18-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд” оид ба футбол анҷом ёфт. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ҷои чорумро ишғол кард.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм наврасони Тоҷикистон аз тими наврасони Буларус (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хурданд.

Дар бозиҳои гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои наврасони Молдова (2:2) ва “Динамо-Минск” (U-17) (2:2) мусовӣ бозӣ карда, бар тими Қирғизистон (3:2) ғалаба ва аз тими Белорус (U-16) (2:3) шикаст хурд.

Мунтахаби наврасони Исроил (U-17), ки дар финал бар тими Белорус (U-16) пирӯз гардид, ғолиби “Ҷоми рушд-2022” шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ (2:2) анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметрӣ бахт ба рӯи исроилиҳо хандид – 3:1.

Ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) Масрур Ғафуров бо шаш гол беҳтарин нишонзани “Ҷоми рушд-2022” дониста шуд.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2022”

Бозӣ барои ҷои нуҳум
«Динамо-Минск» (U-17) – «Минск» (U-17) – 2:1

Бозӣ барои ҷои ҳафтум
Молдова (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 0:7

Бозӣ барои ҷои панҷум
Қирғизистон (U-16) – Узбекистон (U-17) – 1:3

Бозӣ барои ҷои сеюм
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Беларус (U-17) – 0:4

Финал
Беларус (U-16) – Изсроил (U-17) – 2:2. Пеналти – 1:3